Ман Уштури Масти Шаҳрёрам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман уштури масти шаҳрёрам,
Он хоям, к-аз гулӯ барорам!
Чун гулбуни рӯйи ӯст хӯям,
Ушкуфаи ман бувад нисорам!
Чун баҳр агар туруш кунам рӯ,
Пургавҳару дур бувад канорам!
Гар ёр висоли мо наҷӯяд,
Бо ишқ висоли ёри ғорам!
Хоре, ки ба пеши халқ ор аст,
Он ор шудаст ифтихорам!
Боди мантиқ бурун кун аз лунҷ,
К-аз боди натақ дар ин ғуборам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *