Ману Ту Дӯш Шаб Бедор Будем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ману ту дӯш шаб бедор будем,
Ҳама хуфтанду мо бар кор будем!
Ҳарифи ғамзаи ғаммоз гаштем,
Ба пеши турраи таррор будем!
Биё, то зоҳиру пайдо нагӯем,
Ки бо ишқи ниҳонӣ ёр будем!
Агарчи пешу пас он ҷо нагунҷад,
Ба пеши сониъи ҷаббор будем!
Аҷаб набвад, агар моро надиданд,
Ки мо дар махзани асрор будем!
Биёвардем дурҳо армуғонӣ,
Ки яъне мо ба дарёбор будем!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *