Маро Дилбар Чунон Бояд Ки Ҷон Фитрок Аз Ӯ Гирад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Маро дилбар чунон бояд, ки ҷон фитрок аз ӯ гирад,
Маро мутриб чунон бояд, ки Зуҳра пеши ӯ мирад!
Яке паймонае дорам, ки бар дарё ҳамехандад,
Дили девонае дорам, ки банду панд напзирад!
Худовандо, ту медонӣ, ки ҷонам аз ту нашкебад,
Азеро ҳеч моҳиро даме аз об нагрезад!
Зиҳӣ ҳастӣ, ки ту дорӣ, зиҳӣ мастӣ, ки ман дорам,
Туро ҳастӣ ҳамезебад, маро мастӣ ҳамезебад!
Ҳало, бас кун, ҳало, бас кун, ки ин ишқе, ки бигзидӣ,
Нишоте медиҳад беғам, қабуле мекунад берад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *