Мо Маст Шудему Дил Ҷудо Шуд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мо маст шудему дил ҷудо шуд,
Аз мо бигурехт, то куҷо шуд?!
Чун дид, ки банди ақл бигсаст,
Дарҳол дилам гурезпо шуд!
Ӯ ҷойи дигар нарафта бошад,
Ӯ ҷониби хилвати Худо шуд!
Дар хона маҷӯ, ки ӯ ҳавоист,
Ӯ мурғи ҳавост, дар ҳаво шуд!
Ӯ бози сапеди подшоҳ аст,
Паррид, ба сӯйи подшо шуд!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *