Пеши султони беамон набарад.
То нашуд болиғу зи ҷон фориғ,
Пеши он ҷони ҷони ҷон набарад.
Рӯбаҳи ақл гарчи ҷаҳд кунад,
Раҳ бад-он соримуззамон набарад.
Ҷон фидо ишқро, ки ӯ дилро
Ҷуз ба миъроҷи осмон набарад!
Ошиқон толиби нишон гашта,
Ишқашон ҷуз, ки бенишон набарад!
Хун чакидаст раҳ-раҳ, ин на бас аст?!
Ошиқе ҷуз, ки хунфишон набарад!
Ҳар кишон хун на бӯйи мушк диҳад,
Ту яқин дон, ки бӯйи он набарад!
Дидаро куҳли Шамси Табрезӣ
Ҷуз ба маъшуқи ломакон набарад!