К-аз тарафе садои хуш даррасадӣ зи ногаҳон!
Хӯй шудаст гӯшро, гӯши таронанӯшро,
К-ӯ шунавад самоъи хуш ҳам зи замин, ҳам осмон!
Фаръи самоъи осмон ҳаст самоъи ин замин
В-он ки самоъи тан бувад, фаръи самоъи ақлу ҷон!
Наъраи раъдро нигар, чӣ асар аст дар шаҷар,
Чанд шукуфаву самар сар зада андар он фиғон?!
Бонг расид дар адам, гуфт адам: “Бале, наъам,
Ман ниҳам он тараф қадам тозаву сабзу шодмон!”
Мустамиъи аласт шуд, пойдавону маст шуд,
Нест буд ӯву ҳаст шуд, лолаву беду займарон!