Гуфтам ситорагонро: “Маҳ бо ман аст имшаб!
Баррав ба боми боло аз баҳри ассалоро,
Гулчиданаст имшаб, майхрдан аст имшаб!
То рӯз дилбари мо андар бар аст чун дил,
Дасташ ба миҳр моро дар гардан аст имшаб!
То рӯз зангиёнро бо Рум доругир аст,
То рӯз чангиёнро тан-тан-тан-аст имшаб!
То рӯз соғари май дар гардиш асту бахшиш,
То рӯз гул ба хилват бо савсан аст имшаб!
Имшаб шароби васлат бо хосу ом резам,
Шодии он, ки моҳат бар равзан аст имшаб!
Довудвор моро оҳан чу мум гардад,
К-оҳанрабост дилбар, дил оҳан аст имшаб!
Бикшой дасти дилро, то пойи ишқ кӯбад,
К-он зори тарсдида дар маъман аст имшаб!
Бар рӯйи чун зари ман, ай бахт, бӯса медиҳ,
К-ин зарри гоздида дар маъдан аст имшаб!
Он к-ӯ ба макру дониш мебаст роҳ моро,
Полони хар бар ӯ ниҳ, к-ӯ кавдан аст имшаб!
Шамшери обдораш пӯсида асту чӯбин,
В-он найзаи дарозаш чун сӯзан аст имшаб!
Хиргоҳи анкабут аст он қалъаи ҳасинаш,
Баргустувону хӯдаш чун равған аст имшаб!
Хомӯш кун, ки томиъ алкан бувад ҳамеша,
Бо ӯ чи баҳс дорӣ, к-ӯ алкан аст имшаб?!