Чун шамъ ба пеши ту дар сӯзу гудоз омад!
Чун абҳару қанд, ай ҷон, дар рӯ-ш биханд, ай ҷон,
Дарро бимабанд, ай ҷон, зеро ба ниёз омад!
В-ар з-он ки бибандӣ дар, бар ҳукми ту бинҳад сар,
Бар банда ниёз омад, шаҳро ҳама ноз омад!
Ҳар шамъи гудозида шуд равшании дида,
К-онро, ки гудоз омад, ӯ маҳрами роз омад!
Заҳроб зи дасти вай гар фарқ кунам аз май,
Пас дар раҳи ҷон ҷонам, валлаҳ, ба маҷоз омад!
Оби ҳаявонашро ҳайвон зи куҷо нӯшад?!
Кай бинад рӯяшро чашме, ки фароз омад?!
Ман тарки сафар кардам, бо ёр шудам сокин,
В-аз марг шудам эмин, к-он умри дароз омад!
Ай дил, чу дар ин ҷӯйӣ, пас об чӣ меҷӯйӣ?!
То чанд сало гӯйӣ, ҳангоми намоз омад!