Оташ Афканд Дар Ҷаҳон Ҷамшед – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Оташ афканд дар ҷаҳон Ҷамшед
Аз паси чор парда чун хуршед!
Хунук ӯро, ки шуд бараҳна зи буд,
Вой онро, ки ҷуст сояи бед!
Дил сапед асту ишқро рӯ сурх,
З-он сапедӣ, ки нест сурху сапед!
Ишқ эман вилоятест, чунон-к
Тарсро нест андар ӯ уммед!
Ҳар ҳаёте, ки як дамаш умр аст,
Чун барояд зи ишқ, шуд ҷовид.
Як арӯсест бар фалак, ки мапурс,
Вар бипурсӣ, бипурс аз Ноҳид!
З-ин арӯсӣ хабар надошт касе,
Омаданд анбиё ба расми навид!
Шамси Табрез хусрави аҳд аст,
Хусравонро, ҳала, ба ҷон бихаред!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *