Аз дарунсӯ коҳтобу аз бурунсӯ моҳтоб!
Чанги Даҷҷол аз даруну ранги абдол аз бурун,
Доми дуздон дар замиру рамзи шоҳон дар хитоб!
Ошиқи чодар мабошу хар марон дар обу гил,
То намонӣ з-обу гил монанди хар андар халоб!
Чун ба саг нон афканӣ, саг бӯ кунад, он гаҳ хурад,
Саг найӣ, шерӣ, чӣ бошад баҳри нон чандин шитоб?!
Дар ҳар он мурдор бинӣ рангаке, гӯйӣ, ки ҷон,
Ҷон куҷо, ранг аз куҷо, ҷонро биҷӯ, ҷонро биёб!
Ту суолу ҳоҷатӣ, дилбар ҷавоби ҳар суол,
Чун ҷавоб ояд, фано гардад суол андар ҷавоб!
Аз хитобаш ҳаст гаштӣ чун шароб аз саъйи об
В – аз шаробаш нест гаштӣ ҳамчу об андар шароб!
Ӯ зи нозиш сар кашида ҳамчу оташ дар фурӯғ,
Ту зи хиҷлат сар фиканда чун хато пеши савоб!
Гар хазони ғоратӣ мар боғро бебарг кард,
Адли султони баҳор омад барои фатҳи боб!
Баргҳо чун номаҳо, бар вай навишта хатти сабз,
Шарҳи он хатҳо биҷӯ аз индаҳу уммулкитоб!