Рӯйи Ту Ба Рангрези Кон Монад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Рӯйи ту ба рангрези кон монад,
Зулфи ту ба нақши банди ҷон монад!
Гар сояи барги гул фитад бар ту,
Бар орази нозукат нишон монад!
Рӯзе гузарад зи ҳаҷри ту соле,
Мискин ошиқ чунон ҷавон монад!
Дилтанг наям, агарчи дилтангам,
К-охир дили ман бад-он даҳон монад!
Дар чашми ман ой, то ту ҳам бинӣ
Як тан, ки ба сад ҳазор ҷон монад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *