Чу заркӯб аст он дилбар, рухи ман симкӯб омад!
Аз ӯ, к-ӯ ҳусни маҳ дорад, ҳар он, к-у дил нигаҳ дорад,
Ба хоки пойи он дилбар, ки он кас сангу чӯб омад!
Ҳар он-к аз ишқ бигрезад, ҳақиқат хуни худ резад,
Куҷо хуршедро ҳаргиз зи мурғи шаб ғуруб омад!
Бирӯб аз хеш ин хона, бибин он ҳусни шоҳона,
Бирав, ҷорӯби ло бистон, ки ло бас хонарӯб омад!
Тани ту ҳамчу хок омад, дами ту тухми пок омад,
Ҳавасҳо чун малахҳо шуд, нафасҳо чун ҳубуб омад!
Зи биноӣ бигардидӣ, магар хобе дигар дидӣ?!
Чи хӯрдӣ ту, ки қорура, пур аз хилту русуб омад!
Ту чи-шнидӣ, ту чи гуфтӣ, бигӯ, то шаб куҷо хуфтӣ?!
Ҳикоят мекунад рангат, ки ҷосусулқулуб омад!
Салоҳуддини яъқубон, ҷавоҳирбахши заркӯбон,
Ки ӯ хуршеди асрор асту аъломилғуюб омад!