Саҳар Ин Дили Ман Зи Савдо Чи Мешуд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Саҳар ин дили ман зи савдо чи мешуд!
Аз он барқи рухсору симо чи мешуд?
Аз он талъати хуш в-аз он обу оташ
Зи фарқи сари банда то по чи мешуд?!
Худоё, ту донӣ, ки бар мо чи омад,
Худоё, ту донӣ, ки моро чи мешуд?!
Зи райҳону гулҳо, ки рӯяд зи дилҳо,
Саросар ҳама дашту саҳро чи мешуд?!
Зи хуршед пурсӣ, ки гардун чи сон буд?!
Зи маҳ пурс боре, ки ҷавзо чи мешуд?!
Зи маъшуқи аъзам ба ҳар ҷони хуррам
Ба пастӣ чи омад, ба боло чи мешуд?!
Таъолӣ тақаддус чу бинмуд худро,
Муқаддас диле аз Таъолӣ чи мешуд?!
Чу мекард бахшаш назар Шамси Табрез,
Ба бино чӣ бахшиду бино чӣ мешуд?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *