Соқиё Бархезу Май Дар Ҷом Кун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Соқиё, бархезу май дар ҷом кун
В-аз шароби ишқ дилро дом кун!
Номи риндиро бикун бар худ дуруст,
Хештанро лоуболӣ ном кун!
Чархи гарданда туро чун ром шуд,
Маркаби бемаркабиро ром кун!
Оташи бебокӣ андар чарх зан,
Хоки тира бар сари айём кун!
Мазҳаби зуннорбандон пеша гир,
Хидмати Ковусу Озар ном кун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *