Сӯфиён Омаданд Аз Чапу Рост – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Сӯфиён омаданд аз чапу рост,
Дар ба дар, кӯ ба кӯ, ки бода куҷост?!
Дари сӯфӣ дил асту кӯяш ҷон,
Бодаи сӯфиён зи хумми Худост!
Сари хумро кушод соқиву гуфт:
“Ассало, ҳар касе, ки ошиқи мост!”
Инчунин бодаву чунин мастӣ
Дар ҳама мазҳабе ҳалолу равост!
Тавба бишкан, ки дар чунин маҷлис
Аз хато тавба дар ҳазор хатост!
Чун шикастӣ ту зоҳидонро низ,
Ассало зан, ки рӯз рӯзи салост!
Мардумат гар зи чашми хеш андохт,
Мардуми чашми ошиқонат ҷост!
Гар бирафт оби рӯй, кам хур ғам,
Ҷойи ошиқ буруни обу ҳавост!
Ошноён агар зи мо гаштанд,
Ғарқаро ошно дар он дарёст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *