Манӯш нуктаи мастон, ки ёва мегӯям!
Тано, бисӯз чу ҳезум, ки аз ту сер шудам,
Дило, бирав ту зи пешам, туро намеҷӯям!
Лаган ниҳода хаёлаш ба чашмаи чашмам,
Баҳона кард, к-аз ин об ҷома мешӯям!
Бигуфтамаш, ки ба хуноба ҷома чун шӯйӣ?!
Бигуфт: “Хун ҳама з-он сӯсту ман аз ин сӯям!
Ба сӯйи ту ҳама хун асту сӯйи ман ҳама об,
На қибтиям, ки дар ин Нили мӯсавихӯям!”