Ки аз сафаҳаш бас сари ангушт газидем!
Гар ҳеч гурезӣ, бигурез аз ҳаваси хеш,
Зеро ҳама ранҷ аз ҳаваси беҳуда дидем!
Валлаҳ, ки мафарре ба ҷуз аз фарри рухаш нест,
К-андар Хизиру гулшани ӯ менигаридем!
Ҳар рӯз, ки бархезӣ, рӯ пок бишӯйӣ,
Он сӯй дав, ай дил, ки гаҳи дард давидем!
Он сӯй, ки дар соъати душвор дили халқ
Ояд, ки Худоё, ҳама муҳтоҷу муридем!
Ҳар дона, ки чидем, ҳама доми бало буд,
Сӯйи ту паришкаставу танхаста паридем!