Донад, ки хушӣ-хушӣ кашонад!
Ширин чу шакар-ту бош шокир,
Шокир ҳар дам шакар ситонад!
Шукр, аз шакар аст остин пур,
То бар сари шокирон фишонад!
Талхаш чу бинӯшиву бихандӣ,
Дар зоти ту талхие намонад!
Гӯйӣ, ки чӣ гунаам?! Хушам ман!
Гӯям турушам, дилат бимонад!
Гӯям, ки ниҳон макун, валекин
Дар гӯшам гӯ, ки кас надонад!
Дар гӯши ту ҳалқаи вафо нест,
Гӯши ту ба гӯшҳо расонад!