Ҳавасест Дар Сари Ман Ки Сари Башар Надорам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳавасест дар сари ман, ки сари башар надорам,
Ман аз ин ҳавас чунонам, ки зи худ хабар надорам!
Ду ҳазор мулк бахшад шаҳи ишқ ҳар замоне,
Ман аз ӯ ба ҷуз ҷамолаш тамаъе дигар надорам!
Камару кулоҳи ишқаш ба ду кавн мар маро бас,
Чӣ шуд, ар кулаҳ бияфтад, чӣ ғам, ар камар надорам?!
Саҳаре бибурд ишқам дили хастаро ба ҷойе,
Ки зи рӯзу шаб гузаштам, хабар аз саҳар надорам!
Сафаре фитод ҷонро ба вилояти маъонӣ,
Ки сипиҳру моҳ гӯяд, ки чунин сафар надорам!
Зи фироқ ҷони ман гар зи ду дида дур фишонад,
Ту гумон мабар, ки аз вай дили пургуҳар надорам!
Чи шакарфурӯш дорам, ки ба ман шакар фурӯшад,
Ки нагуфт узр рӯзе, ки бар ӯ шакар надорам!
Бинамудаме нишоне зи ҷамоли ӯ, валекин
Ду ҷаҳон ба ҳам барояд, сари шӯру шар надорам!
Табрез, аҳд кардам, ки чу Шамси дин биёяд,
Биниҳам ба шукр ин сар, ки ба ғайри сар надорам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *