Ҳар ки он ҷост, мар ӯро чӣ ғам аст?!
Ки аз ин сӯ ҳама ҷон асту ҳаёт,
Ки аз ин сӯ ҳама лутфу карам аст!
Худ аз ин сӯ, ки на сӯй асту на ҷо,
Қадам андар қадам андар қадам аст!
Ин адам худ чӣ муборак ҷоест,
Ки мададҳои вуҷуд аз адам аст!
Ҳама дилҳо нигарон сӯйи адам,
Ин адам нест, ки боғи Ирам аст!
Ин ҳама лашкари андешаи дил
Зи сипоҳони адам як алам аст!
Зи ту то ғайб ҳазорон сол аст,
Чу равӣ аз раҳи дил, як қадам аст!