Ҳар Чи Дилбар Кард Нох(В)Аш Чун Бувад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар чи дилбар кард, нох(в)аш чун бувад!
Ҳар чи киштафзост, оташ чун бувад?!
Нақшҳое, ки нигорад он нигор,
Ақли онро ҷуз, ки мафраш чун бувад?!
Шарбатеро, к-ӯ ба масти худ диҳад,
Ҷуз латифу поку дилкаш чун бувад?!
Киштии шашгӯша аст ин шаш ҷиҳат,
Баҳри бепоён дар ин шаш чун бувад?!
Наргиси чашме, к-аз ин баҳр об ёфт,
Дар шиноси баҳр аъмаш чун бувад?!
Чун кушоде ёфт чашме дар ризо,
Аз сахат ҳар лаҳза ахфаш чун бувад?!
Ҳин, Хамӯшу аз хумули Ҳақ битарс,
Маъмани иқболи маръаш чун бувад?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *