Ҷаҳону Кори Ҷаҳон Сар Ба Сар Агар Бод Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷаҳону кори ҷаҳон сар ба сар агар бод аст,
Чаро зи бод мукофоти доду бедод аст?!
Ба боду буди Муҳаммад нигар, ки чун боқист,
Зи баъди шашсаду панҷоҳ сахтбунёд аст!
Зи боди Бӯлаҳабу ҷинси ӯ намебинӣ,
Ки аз барои фазиҳат фасонашон ёд аст?!
Чунин суботу бақо бодро куҷо бошад?!
Дар ин субот куҳи Қоф камтар оҳод аст!
Набуд боди дами Исиву дуъои Урир,
Инояти азалӣ буд, ки нур истодаст!
Агарчи боди сухан бигзарад, сухан боқист,
Агарчи боди сабо бигзарад, чаман шод аст!
Зи бими бод ҷаҳон ҳамчу барг меларзад,
Даруни бод, надонӣ, ки теғи пӯлод аст!
Каҳе бувад, ки ба ҷуз бод дар ҷаҳон нашнохт,
Каҳе куҳӣ накунад, з-он ки кӯҳ на Фарҳод аст!
Ту бохабар нашавӣ, гар кунам басе фарёд,
Ки аз даруни дилам мавҷҳои фарёд аст!
Агар ту баҳр бибиниву мавҷ бар ту занад,
Яқин шавад, ки на бод аст, мулки обод аст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *