Ҷаҳон чӣ дорад дар каф, ки он атои ту нест?!
Сазои он ки зияд бе рухи ту, з-ин батар аст,
Сазои банда мадиҳ, гарчи ӯ сазои ту нест!
Нисори хоки ту хоҳам ба ҳар даме дилу ҷон,
Ки хок бар сари ҷоне, ки хоки пойи ту нест!
Муборак аст ҳавои ту бар ҳама мурғон,
Чи номуборак мурғе, ки дар ҳавои ту нест!
Миёни мавҷи ҳаводис ҳар он ки истодаст,
Ба ошно бираҳад, чунки ошнои ту нест!
Бақо надорад олам вагар бақо дорад,
Фано-ш гир, чу ӯ маҳрами бақои ту нест!
Чи фаррух аст рухе, ки шаҳӣ – тро мот аст,
Чи хушлиқо бувад он кас, ки бе лиқои ту нест!
Зи захми ту нагурезам, ки сахт хом бувад,
Вале ки сӯхтаи оташи балои ту нест!
Диле, ки нест нашуд, рӯй дар макон дорад,
Зи ломакон-ш биронӣ, ки рав, ки ҷои ту нест!
Карона нест санову саногарони туро,
Кадом зарра, ки саргаштаи санои ту нест!
Назири он, ки низоме ба назм мегӯяд,
Ҷафо макун, ки маро тоқати ҷафои ту нест!