Чу Бо Мо Ёри Мо Имрӯз Ҷуфт Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чу бо мо ёри мо имрӯз ҷуфт аст,
Бигӯям, он чи ҳаргиз кас нагуфтаст!
Ҳама мастанд ин ҷо, маҳрамонанд,
Маяндеш аз касе, ғаммоз хуфтаст!
Хазон хуфту баҳорон гашт бедо,
Намебинӣ, дарахту гул шукуфтаст?!
Агар як рӯз боқӣ бошад аз да,
Замин лаб бастаасту гул нуҳуфтаст!
Ҳало, дар хоб кун авбоши танро,
Ки гавҳарҳои ҷонӣ ҷумла суфта – ст!
Хамуш кун, зар диҳӣ, з-он дурнаёбӣ,
Вагар маҳрам шавӣ, бистон, ки муфт аст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *