Чун Бизанад Гарданам Саҷда Кунад Гарданаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чун бизанад гарданам, саҷда кунад гарданаш,
Шер хурад хуни ман, завқи ман аз хӯрданаш!
Ҳин, ҳала, шери шикор, панҷа зи ман бармадор,
Ин ки ҳазорон ҳазор миннати он бар манаш!
Пухта хурад пухтахор, хом хурад ишқи ёр,
Хом манам, ай нигор, ки натавон пухтамаш!
Ай ту дуҳул зан ба қул, банда туро чун дуҳул,
Дар ту даровехта, ҳамчу дуҳул мезанаш.
Гӯши ҳама сархушон ишқ кашад каш-кашон,
Ишқи ту Довуди туст, мум шуда оҳанаш!
Дил ҳама молу ақор харҷ кунад дар қимор,
Чунки бараҳна шавад, чарх диҳад махзанаш!
Дил зи сухан мол-мол хост задан парру бол,
Парри ту нури камол кард чунин алканаш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *