Чун Дар Адам Оему Сар Аз Ёр Барорем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чун дар адам оему сар аз ёр барорем,
Аз санги сияҳ наъраи иқрор барорем!
Бар коргаҳи дӯст чу бар кор нишинем,
Мар ҷумла ҷаҳонро ҳама аз кор барорем!
Гулзори рухи дӯст чу бепарда бибинем,
Сад шуъла зи ишқ аз гулу гулзор барорем!
Бар Дулдули дил чун фиканад давлати мо зин,
Бас гард, ки мо аз раҳи асрор барорем!
Чун аз майи Шамсулҳақи Табрез бинӯшем,
Сад ҷӯши аҷаб аз хуму хаммор барорем!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *