Шаб Шуд Ай Хоҷа-Закӣ Охир Он Ёри Ту Ку – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Шаб шуд, ай Хоҷа-Закӣ, охир, он ёри ту ку!
Ёри хушовози ту, он хушдаму шаштори ту ку?!
Ёри латифи тари ту хуфта бувад дар бари ту,
Хуфта кунад нолаи хуш, хуфтаи бедори ту ку?!
Гоҳ намояш раҳе, гӯш бимолаш гаҳе,
Дам зи даруни ту занад, маҳрами асрори ту ку?!
Зинда кунад ҳар ватане, нола кунад бедаҳане,
Фитнаи ҳар марду зане, ҳамдами гуфтори ту ку?!
Даст биниҳ бар раги ӯ, тез равон кун таки ӯ,
Ай дами навравнақи мо, равнақи бозори ту ку?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *