Шаби Қадр Аст Ҷисми Ту К-Аз Ӯ Ёбанд Давлатҳо – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Шаби қадр аст ҷисми ту, к-аз ӯ ёбанд давлатҳо,
Маҳи бадр аст рӯйи ту, к-аз ӯ бишкофт зулматҳо!
Магар тақвими яздонӣ, ки толиъҳо дар ӯ бошад,
Магар дарёи ғуфронӣ, к-аз ӯ шӯянд зиллатҳо?!
Магар ту лавҳи маҳфузӣ, ки дарси ғайб аз ӯ гиранд,
Ва ё ганҷинаи раҳмат, к-аз ӯ пӯшанд хилъатҳо?!
Аҷаб ту байти маъмурӣ, ки таввофонаш амлоканд,
Аҷаб ту раққи маншурӣ, к-аз ӯ нӯшанд шарбатҳо!
Ва ё он рӯҳи бечунӣ, к-аз инҳо ҷумла берунӣ,
Бар осори латифи ту ғалат гаштанд улфатҳо!
Аҷойиб Юсуфӣ чун маҳ, ки акси ӯст дар сад чаҳ,
Аз ӯ афтода Яъқубон ба дому чоҳи миллатҳо!
Чу зулфи худ расан созад, зи чаҳҳошон барандозад,
Кашадшон дар бари раҳмат, раҳонадшон зи ҳайратҳо!
Чу аз ҳайрат гузар ёбад, сифот онро, ки дарёбад,
Хамуш, ки бас шикаста шуд иборатҳову ибратҳо!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *