Як Даме Хуш Чу Гулистон Кунадам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Як даме хуш чу гулистон кунадам,
Як даме ҳамчу зимистон кунадам.
Як дамам фозилу устод кунад,
Як даме тифли дабистон кунадам.
Як даме санг занад, бишканадам,
Як даме шоҳи дуристон кунадам.
Як даме чашмаи хуршед кунад,
Як даме ҷумла шабистон кунадам.
Доманашро бигирифтам ба ду даст,
То бибинам, ки чи дастон кунадам!
Дурдии дурди хушашро қадаҳам,
Гарчи ӯ соқии мастон кунадам!
З-он ситонам шакари ӯ шабу рӯз,
То лақаб ҳам шакаристон кунадам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *