Шукр гӯ ин нафасеро, ки туро ҳамнафасам,

Шукр гӯ ин нафасеро, ки туро ҳамнафасам,
Ки зи баъди нафасе ҳеҷ ба додат нарасам.

Рӯзи падруд, ки тобути маро бардоранд,
То абад тӯл кашад риштаи ашкат зи пасам.

Ҳар касе буд гуҳарсанҷ, маро гавҳар хонд,
Хаскашон кашф намуданд, ки ман низ хасам.

Чун дар оинаи чашми ту ҳақиқат ҷустам,
Гуфт чашмат, ки “вафодортарин булҳавасам”.

Меравад қофилаи умри азизам, аммо,
Наравад ҳеҷ зи гӯши ту танини ҷарасам.

Эй ғамат они ману шодият они дигарон,
Шодии беш нахоҳам, ки ғами туст басам.

Фарзонаи Хуҷандӣ

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *