Барфи нав

Барфи нав
Барфи нав, барфи нав, салом, салом!
Барфи покизатар зи нуқраи хом,
Барфи аз авҷи осмон пайғом
Бо сафедию тозагии тамом.
Нарм-нармак нишин ба мижгонам,
Нарм- нармак ба рўи чашмонам
Бинишин, зеби рўи чашмонӣ
Бинишин, зеби шохи мижгонӣ.
Барфи нав, барфи нав, салом, салом!
Аз ту боғе пур аз гули бодом,
Симхоре пур аз шукуфаи ёс,
Симчўбе шукуфта чун гелос.
Барф, эй коғази самарқандӣ,
Дили моро ту коғазӣ кардӣ.
Мезанӣ чарх хуш-хушак дар бод
Аз сабукрезӣ ҳамчу коғазбод.
Барфи нав, барфи нав, салом, салом!
Манишин бар замин, нишин бар бом,
Ки ба ин хубиат табоҳ шавӣ,
Дар замин, дар замин сиёҳ шавӣ.
Бозор Собир
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *