Ҳар рӯз ман мушаввашам; -фардо чи мешавад?
Олам чи дард мекашад? Дунё чи мешавад?
Оқил чи рой мезанад? Ҷоҳил чи мекунад?
Олуда гардад оби руд, дарё чи мешавад?
Садҳо Сарону Сарварон саргашта то ҳанӯз,
Гӯянд ҷон бакафниҳон; – Ҷоно, чи мешавад?
Ку амну айш то Ҷаҳон гардад Муҳити Сулҳ,
То бонг ояд аз хатар, оё чи мешавад?
Гар маҳв баҳру бар шавад, дод ин қиёмат аст,
Исён, ки зад деви фано уқбо чи мешавад?
Инсон чи сон раҳо кунад худро зи азми разм?
Тадбирҳои муҷмали доно чи мешавад?
Воҷид, баҳори зиндагӣ бе авҷи гул мабод,
То Сулҳу ҳам салоҳ нест фардо чи мешавад?
( Vojidi Ashti )
20.07.2023