Ислом ба зоти худ зиё оварда,
Бар дидаву дил нуру сафо оварда,
Он файз, ки аз Каломи Ҳақ эҳдо шуд,
Тоҷ аст, ба ҳар шоҳу гадо оварда !
Аз бухли сафилонаи як тӯдаи худхоҳ,
Оҳанги шукуфтан накунад ғунчаи дил гоҳ,
Аз макри Шағод Ял набуд он қадар огоҳ,
Мардӣ набувад пешаи ҳар мумсику бадроҳ!
Ҳар бор ба шодӣ расӣ ғам дод занад,
В-он гаҳ, ки табассум кунӣ фарёд занад,
Фарёдзанон теша ба бунёд занад,
Сад санги алам баёду беёд занад!
Армони дил ин аст, ки ҷон ориятист,
Ҳар лаҳза раванда-ст, замон ориятист,
Аз рафтани мову ту ба маъвои абад,
Ғам нест замонарову он ориятист!
Дунёи пур аз рев чи арзиш дорад?
Огаҳшудаи хоб чи варзиш дорад?
Бим аст ғизоӣ ҷон ба сад дил бастан,
Афсӯс, равони хаста ларзиш дорад!
Чун сарв расида будаму масти баҳор,
Ҳар субҳ кушода чашм бо савти ҳазор,
Хубони хиромон зи пасам гашта қатор,
З- он мавсими эътибор мондам ба канор!
Мо бандаи бандаем, ё бандаи Ҳақ?
То нест дилу забон гароянда ба Ҳақ?!
Бо каш-макаши бе сару бун бигзаштем,
Дорем магар тоати арзанда ба Ҳақ?
Мардӣ маталаб зи мардуме, эй дилбанд,
Номус надоранду аҷаб номарданд?!
Ихлос макун ба ҳар саги одамрӯй,
Ҳамдардӣ намекунанд, бас бедарданд!
Нашносӣ маро лӯъбати ғамро бишинос,
Бозичаи дастони аламро бишинос!
Ашъори маро хону қазоват бинамо,
Ҳамрози манат – нақши қаламро бишинос!
То фурсати бо ҳам задани ҷому пиёла,
Бошад, ки нарезад зи самуме гули лола,
Ё боди мухолиф бивазад таг-таги жола,
Ё лола намонад ба саломат бари ёла!
Бе файзи дуои Модару лутфи Падар,
Орист зи нури Меҳр дунёи башар,
Қисмат ба ту то панд диҳад фанд махур,
То ҳастиву ҳастанд ғанимат бишумар!
Ҳар сӯхтане, ки омили сохтан аст,
Хун аз ҷигари сӯхта пардохтан аст,
Бар замми ҳама ранҷ ба сар тохтан аст,
Гар бурд накардӣ навбати бохтан аст!
Дорам ҳазар аз саре, ки сарбори тан аст,
К-аз бехирадӣ омили озори тан аст,
Бар раҳрави андеша қадам нагзорад,
Бар равзаи ҷон ба ҷои гул хори тан аст!
Аз даст мадеҳ чу гул ба даст овардӣ,
Он умр азиз аст, ки гул парвардӣ,
Шайдои гулу ғунча набудан хуш нест,
Бо гул набувад мусовӣ дастоварде!
Ҳар нутқ, ки ҷуз мадҳу сано ҳеҷ надорад,
Чун шаршарае ғайри садо ҳеҷ надорад,
Ҳар гуфта, ки бе ман-манӣ поён напазируфт,
Бечораи нотиқ ба Худо ҳеҷ надорад!
Қонеъ нашудам ба меҳр дар дунё ҳеҷ,
Тобанда нашуд чу дурри нопайдо ҳеҷ,
Ғаввос шудан нашуд насибам, оре,
Тарсам нарасам ба қаъри ин дарё ҳеҷ!
Водии хамӯшон бувад ояндаи Ҳусн,
К-он ҷо шумурад чӯҷа сарояндаи Ҳусн,
Аз холу хату ранг намонад асаре,
Гумном шавад басе намояндаи Ҳусн!
Саргашта ба зери Чархи Даввор манам,
Афсӯсхури гунбади ғаддор манам,
Аз омадану рафтани бемаънитарин,
Мансури навам, гар ба сари дор манам!
Аз мӯи дарозу ақли кӯтоҳ чи суд?
В-аз таркивафокардаи бадроҳ чи суд?
Ёре, ки диёри дил аз ӯ гашт хароб,
Бар мулки Ирам агар шавад шоҳ чи суд?
Ҳуру Малакеро сифати Одам нест,
Андешаи Фардо башареро кам нест,
Яздон чи азиз офаридаст ӯро,
Бе ӯ баракоту файз дар олам нест!
Имрӯз чаро мастӣ беҳ аз ҳушёрист?
Амвоҷи бало дар сари ҳар бедорест,
Чун хишту кулӯху санг бе ҳис будан,
Сарчашмаи амн аст, вале ночорист!
Он ҷода набошад он қадар роҳи наҷот,
К-аз дӯст бурида дил, кунӣ азми ҳаёт,
Аз хомии фикри хеш ноком шавӣ,
Сад ранҷ кашӣ наёбӣ бар дард давот!
Эй дӯст, агар ҳақиқатан бошӣ дӯст,
Бо корди пахтагӣ макан моро пӯст,
Беҳтар, ки дар оинаи душман бинем,
В-он оинае, ки ҷавҳари Ҳақ бо Ӯст!
Бо кибру ҳаво туро ба боло раҳ нест,
Худбиниву худситоӣ чун матраҳ нест,
Ақлу хиради одамӣ қомуси вай аст,
З-ин қоида кам кас аст, к-ӯ огаҳ нест!
Ҳар банда, ки банд аст ба ашғоли бадӣ,
Бадном шавад ба ҳар ду олам абадӣ,
Дар вирди забони мардумон шукри Худост,
Нодон, ки барафтад зи сарӣ-раҳбаладӣ!
Имрӯз ту хӯшачини боғи падарӣ,
Баъд аз падарат бубин, ки чун дарбадарӣ,
Бе мадди назар куҷо ту соҳибназарӣ?
Бе илму ҳунар бардаи ҳар раҳгузарӣ!
( Vojidi Ashti )
6.07.23