Ҷазои Он, Ки Нагуфтем Шукри Рӯзи Висол,

Ҷазои он, ки нагуфтем шукри рӯзи висол,
Шаби фироқ нахуфтем лоҷарам зи хаёл.
Бидор як нафас, эй қоид ин зимоми ҷамал,
Ки дида сер намегардад аз назар ба ҷамол!
Фироқи дӯст чунон танг нест бар дили ман,
Ки душманон, ки ба фурсат биёфганд маҷол.
Ба теги ҳиндӣ душман қитол менакунад,
Чунон ки дӯст ба шамшери гамзаи қаттол.
Ҷамоате, ки назарро ҳаром медонанд.
Назар ҳаром бикарданду хуни халқ ҳалол.
Ғизол агар ба каманд уфтад, аҷаб набувад,
Аҷаб фитодани мард аст дар каманди ғизол!
Ту дар канори Фуротй, надонӣ ин маънӣ,
Ба роҳи бодия донанд қадри оби зулол.
Агар муроди насиҳаткунони ман ин аст,
Ки тарки дӯст бигӯям, тасаввурест маҳол!
Ба хоки пои ту, ҷоно, ки то сарам наравад,
Зи сар бадар накунам ҳамчунон умеди висол.
Сухан дароз кашидему ҳамчунон боқист,
Ки зикри дӯст наёрад ба ҳеҷ гуна малол.
Ба нола кор муяссар намешавад, Саъдӣ!
Валек нолаи бечорагон хуш аст, бинол!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *