Хушову Хуррамо Вақти Ҳабибон

Хушову хуррамо вақти ҳабибон
Ба бӯи субҳу бонги андалебон!
Хуш он соат: нишинад дӯст бо дӯст,
Ки сокин гардад ошӯби рақибон!
Сазои душманон он беҳ, ки бинанд,
Ҳабибон рӯй бар рӯи ҳабибон.
Насиб аз умри дунё нақци вақт аст,
Мабош, эй ҳушманд аз бенасибон!
Чу донӣ, к-аз ту чӯпонӣ наёяд,
Раҳо кун гӯсфандонро ба зеъбон.
Ман ин риндону мастон дӯст дорам,
Хилофи порсоёну хатибон.
Биҳил, то дар ҳақи ман ҳар чи хоҳанд
Бигӯянд ошноёну рақибон!
Лаби ширинлабонро хислате ҳаст,
Ки горат мекунад ҳуши лабибон.
Нишастам бо ҷавонмардони авбош,
Бишустам ҳар чи хондам аз адибон.
Кӣ медонад давои дарди Саъдӣ,
Ки ранҷуранд аз ин иллат табибон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *