Фироқи Дӯстонаш Боду Ёрон,

Фироқи дӯстонаш боду ёрон,
Ки моро дур кард аз дӯстдорон!
Дилам дар банди танҳоӣ бифарсуд,
Чу булбул дар қафас фасли баҳорон.
Ҳалоки мо чунон осон гирифтанд,
Ки қатли мӯр дар пои саворон.
Ба хайли ҳар ки меоям ба зинҳор,
Намебинам ба ҷуз зинҳорхорон.
Надонистам, ки дар поёни сӯҳбат,
Чунин бошад вафои ҳақгузорон!
Ба ганҷи шойгон афтода будам,
Надонистам, ки бар ганҷанд морон!
Дило, гар дӯсте дорӣ ба ночор,
Бибояд бурданат ҷаври ҳазорон!
Хилофи рои ёрон аст, Саъдӣ,
Ки баргарданд рӯзи тирборон.
Чй хуш бошад саре дар пои ёре
Ба ихлосу иродат ҷонсупорон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *