Сухани Ишқи Ту Ҳар Гаҳ, Ки Барояд Ба Забонам,

Сухани ишқи ту ҳар гаҳ, ки барояд ба забонам,
Ранги рухсора хабар медиҳад аз рози ниҳонам.
Гоҳ гӯям, ки бинолам зи парешонии ҳолам!
Боз гӯям, ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баёнам!
Ҳеҷам аз дуниву уқбӣ набувад гӯшаи хотир,
Ки ба дидори ту шугл асту фароғ аз ду ҷаҳонам.
Гар чунин аст, ки рӯзе мани мискини гадоро
Бар дари ғайр бубинӣ, зи дари хеш биронам!
Ман дар андешаи онам, ки равон бар ту фишонам,
На дар андеша, ки худро зи камандат бираҳонам.
Гар ту Ширини замонӣ, назаре низ ба ман кун,
Ки ба девонагӣ аз ишқи ту Фарҳоди замонам!
На маро тоқати гурбат, на туро хотири қурбат,
Дил ниҳодам ба сабурӣ, ки ҷуз ин чора надонам!
Ман ҳамон рӯз бигуфтам, ки тариқи ту гирифтам,
Ки ба ҷонон нарасам, то нарасад кор ба ҷонам.
Дурам аз дида ҷаҳон аст ба ёди лаби лаълат,
‘Нигаҳе боз ба ман кун, ки басе дурр бичаконам!
Сухан аз нима буридам, ки нигаҳ кардаму дидам,
Ки ба поён расадам умру ба поён нарасонам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *