Охир Нигоҳе Боз Кун, Вақте Ки Бар Мо Бигзарӣ!

Охир нигоҳе боз кун, вақте ки бар мо бигзарӣ!
Ё кибр манъат мекунад, к-аз дӯстон ёд оварӣ?
Нашнидаам андар Хутан бар сурате чандин фитан,
Ҳаргиз набошад дар чаман сарве бад-ин хушманзарӣ!
Суратгари дебои Чин гӯ: сурати рӯяш бубин!
Ё сурате, баркаш чунин ё тарк кун суратгарӣ!
3-абрӯи зангорикамон гар парда бардорӣ аён,
То Қавс бошад дар ҷаҳон, дигар набинад Муштарӣ.
Болои сарви бӯстон қадре надорад дилситон,
Хуршед бо рӯе чунон зулфе надорад анбарӣ.
То нақш мебандад фалак касро набудаст ин намак,
Ҳурӣ, надонам ё малак, фарзанди одам ё парӣ?
Фасли баҳор аст, эй нигор, андар канори ҷӯйбор,
Бо ошиқони сӯгвор бихром чун кабки дарӣ!
Дигар намедонам тариқ, аз даст рафтам чун гариқ,
Инак лабонат чун ақиқ, азбаски хунам мехӯрй!
Чун рафта бошам з-ин ҷаҳон, боз оядам рафта равон,
Гар ҳамчунин доманкашон, болои хокам бигзарӣ!
Аз лаълат оташ меҷаҳад, наълам дар оташ мениҳад,
Гар дигаре ҷон медиҳад, Саъдӣ, ту ҷон мепарварӣ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *