Алассабох назар бар ҷамоли рӯзафзун!
Алалхусус касеро, ки табъи мавзун аст,
Чӣ гуна дӯст надорад шамоили мавзун?
Гар обрӯй бирезад миёни анҷуманат,
Ба дасти дӯст ҳалол аст, агар бирезад хун!
Мисоли ошиқу маъшуқ ҳамчу парвонаст,
Сари ҳалок надорй, магард перомун!
Бисӯхт Маҷнун дар ишқи сурати Лайлӣ,
Аҷаб, ки Лайлиро дил насӯхт бар Маҷнун!
Ҳамин тагайюри берун далели ишқ бас аст,
Ки дар ҳадис намегунҷад иштиёқи дарун!
Агар касе нафасе аз замони сӯҳбаги дӯст
Ба мулки рӯи замин медиҳад, зиҳй магбун!
Сухан дароз кашидему ҳамчунон боқист
Ҳадиси дилбари фаттону ошиқи мафтун.
Ҷафои ишки ту чандон, ки мекашад Саъдӣ,
Хаёли васли ту аз сар намекунад берун!