Мо Дар Ин Шаҳр Ғарибему Дар Ин Мулк Фақир,

Мо дар ин шаҳр ғарибему дар ин мулк фақир,
Ба каманди ту гирифтору ба доми ту асир.
Дари офоқ кушодаст, валеккн бастаст
Аз сари зулфи ту дар пои дили мо занҷир.
Ман назар бозгирифтан натавонам ҳама умр,
Аз ман, эй хусрави хубон, ту назар бозмагир!
Гарчи дар хайли ту бисёр беҳ аз мо бошад,
Мо туро дар ҳама олам нашиносем ыазир!
Дардилам буд, ки ҷон бар ту фишонам рӯзе,
Боз бар хотирам омад, кн матоест ҳақир.
Ин ҳадис аз сари дард аст, ки ман мегуям,
То бар оташ наниҳӣ, бӯй наёяд зи абир.
Гар бигӯям, ки маро ҳоли парешоне нест,
Ранги рухсор хабар медиҳад аз сирри замир.
Ишқи пиронасар аз ман аҷабат меояд,
Чӣ ҷавонӣ ту, ки аз даст бибурдӣ дили пир?
Ман аз он ҳар ду камонхонаи абрӯи ту чашм
Барнагирам, в-агар дида бидӯзанд ба тир!
Аҷаб аз ақли касоне, ки маро панд диханд,
Бирағ. эй хоҷа, ки ошиқ набувад пандпазир!
Саъдиё, пайкари матбӯъ барои назар аст,
Гар набинӣ, чӣ бувад фоидаи чашми басир?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *