Мутаносибанду Мавзун Ҳаракоти Дилфиребат,

Мутаносибанду мавзун ҳаракоти дилфиребат,
Мутаваҷҷеҳ аст бо мо суханони беҳисебат.
Чу наметавон сабурӣ, ситамат кашам зарурӣ,
Магар одамӣ набошад, ки биранҷад аз итебат!
Агарам ту хасм бошӣ, наравам зи пеши тират,
В-агарам ту сел бошӣ, нагурезам аз нишебат.
Ба қиёс дарнагунҷиву ба васф дарнаоӣ,
Мутаҳайирам дар авсофи ҷамолу ҳусну зебат…
Аҷаб аз касе дар ин шаҳр, ки порсо бимонад,
Магар ӯ надида бошад рухи порсофиребат!
Ту бурун хабар надорй, ки чй меравад зи ишқат,
Ба дар ой, гарна оташ бизанем дар ҳиҷебат!
Ту дарахти хубманзар ҳама мевай, валекин
Чӣ кунам ба дасти кӯтаҳ, ки намерасад ба себат!
Ту шабе дар интизоре нанишастай, чӣ донӣ,
Ки чӣ шаб гузашт бар мунтазирони ношикебат?
Ту худ, эй шаби чудой, чй шабй бад-ин дарозӣ?
Бигузар, ки ҷони Саъдӣ бигудохт аз ниҳебат!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *