Ҳазор ҷони азизат фидои ҷон, эй дӯст!
Чунон ба доми ту улфат гирифт мурги дилам,
Ки ёд менакунад ахди ошён, эй дӯст!
Гарам ту дар накушой, куҷо тавонам рафт,
Ба ростон, ки бимирам бар остон, эй дӯст!
Диле шикастаю ҷоне ниҳода бар кафи даст,
Бигӯ: «Биёр!», ки гӯям: «Бигир, ҳон, эй дӯст!»
Танам бипӯсаду хокам ба бод реза шавад,
Ҳанӯз меҳри ту бошад дар усгухон, эй дӯст!
Ҷафо макун, ки бузургон ба хурдае зи раҳӣ
Чунин сабук нанишинанду саргарон, эй дӯст!
Ба лутф агар бихӯрӣ хуни ман раво бошад,
Ба қаҳрам аз назари хештан марон, эй дӯст!
Муносиби лаби лаълат ҳадис боистӣ,
Ҷавоби талх бадеъ аст аз он даҳон, эй дӯст!
Маро ризои ту бояд, на зиндагонии хеш,
Агар муроди ту қатл аст, вораҳон, эй дӯст!
Кӣ гуфт: «Саъдй аз осеби ишқ бигрезад?»
Ба дӯстӣ, ки ғалат мебарад гумон, эй дӯст!
Ки гар ба ҷон расад аз дасти душманонам кор
Зи дӯстӣ накунам тавба ҳамчунон, эй дӯст!