Маро То Нуқра Бошад, Мефишонам!

Маро то нуқра бошад, мефишонам!
Туро то бӯса бошад, меситонам!
В-агар фардо ба зиндон мебарандам,
Ба накд ин саат андар бӯстонам!
Ҷаҳон, бигзор, то бар ман сарояд,
Ки коми дил ту будӣ аз ҷаҳонам!
Чи доманҳои гул бошад дар ин боғ,
Агар чизе нагӯяд боғбонам!
Намедонистам аз бахти ҳумоюн,
Ки симурғе фитад дар ошёнам.
Ту ишқ омӯхтӣ дар шаҳр моро,
Биё, то шарҳи он ҳам бар ту хонам!
Суханҳо дорам аз дасти ту бар дил,
Валекин дар ҳузурат безабонам;
Бигӯям, то бидонад душману дӯст,
Ки ман мастию мастурй надонам!
Агар ту сарви симинтан бар онӣ,
Ки хуни ман бирезй, ман бар онам!
Магӯ: Саъдӣ муроди хеш бардоигг,
Агар ту сангдил, ман меҳрубонам,
Ки то бошам, хаёлат мепарасгам,
В-агар рафтам, саломат мерасонам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *