Имшаб, Ба Ростӣ, Шаби Мо Рӯзи Равшан Аст,

Имшаб, ба ростӣ, шаби мо рӯзи равшан аст,
Иди висоли дӯст алорагми душман аст!
Боди биҳишт мегузарад ё насими бог?
Ё накҳати даҳони ту ё бӯи лодан аст?
Ҳаргиз набошад аз тану ҷонат азизтар
Чашмам, ки дар сар асту равонам, ки дар тан аст.
Гардан ниҳам ба хизмату гӯшат кунам ба кавл,
То хотирам муқайяди он гӯшу гардан аст.
Эй подшоҳ, соя зи дарвеш вомагир!
Ночор хӯшачин бувад он ҷо, ки хирман аст!
Дур аз ту дар ҷаҳони фироқам маҷол нест,
Олам ба чашми тангдилон чашми сӯзан аст.
Ошиқ гурехтан натавонад зи дасти шавқ,
Ҳар ҷо, ки меравад, мутааллиқ ба доман аст.
Ширин бадар намеравад аз хона бе рақиб,
Донад Шакар, ки дафъи магас бодбезан аст.
Ҷаври рақибу сарзаниши аҳли рӯзгор
Бо ман ҳамон ҳикояти гови дуҳулзан аст.
Бозони шоҳро ҳасад ояд бад-ин шикор,
К-он шоҳбозро дили Саъдӣ нишеман аст.
Қалби рақиқ чанд бипӯшад ҳадиси ишқ,
Ҳарч он ба обгина бипӯшй, мубайян аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *