Ҳар ки моро ин насиҳат мекунад, беҳосил аст.
Ёри зебо, гар ҳазорат ваҳшат аз вай дар дил аст,
Бомдодон рӯи ӯ дидан сабоҳи муқбил аст.
Он ки дар чоҳи занахдонаш дили бечорагон
Чун малак маҳбус дар зиндони чоҳи Бобул аст.
Пеш аз ин ман даъвии парҳезгорӣ кардаме,
Боз мегӯям, ки ҳар даъвӣ, ки кардам, ботил аст!
Заҳр наздики хирадмандон агарчи қотил аст,
Чун зи дасти дӯст мегирй, шифои оҷил аст.
Ман қадам берун намеорам ниҳод аз кӯи дӯст,
Дӯстон, маъзур доредам, ки поям дар гил аст!
Бош, то девона гӯяндам ҳама фарзонагон,
Тарки ҷон натвон гирифтан то ту гӯӣ оқил аст.
Он ки мегӯяд: «Назар дар сурати хубон хатост»,
Ӯ ҳамин сурат ҳамебинад, зи маънӣ ғофил аст!
Сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷон дар маҳмил аст!
Чорпоён бор бар пуштанду моро бар дил аст!
Г ар ба сад манзил фироқ афтад миёни мову дӯст,
Ҳамчунонаш дар миёни ҷони ширин манзил аст.
Саъдӣ, осон аст бо ҳар кас гирифтан дӯстӣ,
Лек чун пайванд шуд хӯ, боз кардан мушкил аст.