Дилам То Ишқбоз Омад, Дар Ӯ Ҷуз Ғам Намебинам,

Дилам то ишқбоз омад, дар ӯ ҷуз ғам намебинам,
Дили беғам куҷо ҷӯям, ки дар олам намебинам.
Даме бе ҳамдаме хуррам зи ҷонам барнамеояд,
Даме бо ҷон барояд, чунки як ҳамдам намебинам!
Маро розест андар дил ба хуни дида парварда,
Валекин бо кӣ гӯям роз, чун маҳрам намебинам?
Қаноат мекунам бо дард, чун дармон намеёбам,
Таҳаммул мекунам бо захм, чун марҳам намебинам.
Хушову хуррамо он дил, ки ҳаст аз ишқ бегона,
Ки ман то ошно ганггам, дили хуррам намебинам.
Нами чашм обрӯи ман бибурд, азбаски мегирям,
Чаро гирям, к-аз он ҳосил бурун аз нам намебинам?
Кунун дам даркаш, эй Саъдӣ, ки кор аз даст берун шуд,
Ба уммеди даме бо дӯст, в-он дам ҳам намебинам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *