Дидор Менамоию Парҳез Мекунӣ,

Дидор менамоию парҳез мекунӣ,
Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ!
Гар хуни дил хӯрӣ, фараҳафзоӣ мехӯрӣ,
В-ар қасди ҷон кунй, тарабангез мекунй!
Бар талхайшии ман агар ханда оядат,
Шояд, ки хандаи шакаромез мекунӣ!
Ҳайрони дасту дашнаи зебот мондаам,
К-оҳанги хуни ман чӣ диловез мекунйӣ?
Саъдӣ, гулат шукуфт, ҳамоно, ки субхдам
Фарёди булбулони саҳархез мекунӣ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *