Дар Васф Наёяд, Ки Чӣ Ширин Даҳан Аст Он!

Дар васф наёяд, ки чӣ ширин даҳан аст он!
Ин аст, ки дур аз лабу дандони ман аст он .
Ораз натавон гуфт, ки рӯи қамар аст ин,
Боло натавон гуфт, кисарви чаман аст он!
Дар сарв расидаст, валекин ба ҳақиқат
Аз сарв гузаиггаст, ки симинбадан аст он!
Ҳаргиз набувад ҷисм бад-ин ҳусну латофат,
Гӯӣ ҳама рӯҳ аст, ки дар пераҳан аст он!
Хол аст бад-он сафҳаи симини баногӯш?
Ё нуқтае аз ғолия бар ёсуман аст он?
Филҷумла қиёмат туӣ имрӯз дар офоқ,
Дар чашми ту пайдост, ки боби фитан аст он.
Гуфтам, ки дил аз чанбари зулфат бираҳонам,
Тарсам натавонам, ки шикан бар шикан аст он!
Ҳар кас ки ба ҷон орзуи васли ту хоҳад,
Душвор барояд, ки муҳаққар саман аст он.
Марде, ки зи шамшери ҷафо рӯй битобад,
Дар кӯи вафо мард махонаш, ки зан аст он!
Гар хастадиле наъра занад бар сари кӯе,
Айбаш натавон гуфт, ки бехештан аст он.
Наздики ман он аст, ки ҳар ҷурму хатое,
К-аз соҳиби ваҷҳи ҳасан ояд, ҳасан аст он.
Саъдӣ сари савдои ту дорад, на сари хеш,
Ҳар ҷома, ки айёр бипӯшад, кафан аст он.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *