Саҳл аст ҷавоби имтиҳонат!
Савганд ба ҷонат ар фурӯшам
Як мӯй ба ҳар кӣ дар ҷаҳонат!
Бо он ки ту меҳри кас надорӣ,
Кас нест, ки нест меҳрубонат.
В-ин сар, ки ту дорӣ, эй ситамгор,
Бас сар биравад бар остонат!
Ман дар ту расам ба ҷахд! Ҳайҳот,
К-аз бод сабақ барад инонат!
Бе ёди ту нестам замоне,
То ёд кунам дигар замонат!
Кӯтаҳназарон кунанду ҳайф аст-
Ташбеҳ ба сарви бӯстонат!
В-абрӯ, ки ту дорӣ, эй паризод!
Дар сайд чӣ ҳоҷати камонат?
Гӯй бадани заифи Саъдӣ
Нақшест гирифта аз миёнат!
Гар воситаи сухан набудӣ,
Дар ваҳм наёмадӣ даҳонат.
Ширинтар аз ин сухан набошад,
Илло даҳани шакарфишонат!