Ғами Замона Хӯрам Ё Фироқи Ёр Кашам

Ғами замона хӯрам ё фироқи ёр кашам
Ба тоқате, ки надорам кадом бор кашам?
На қуввате, ки тавонам канора ҷустан аз ӯ,
На қудрате, ки ба шӯхиш дар канор кашам.
На дасти сабр, ки дар остини ақл барам,
На пои ақл, ки дар домани қарор кашам.
Зи дӯстон ба ҷафо сергашта марде нест,
Ҷафои дӯст, занам, гар на мардвор кашам!
Чу метавон ба сабурй кашид ҷаври адӯ,
Чаро сабур набошам, ки ҷаври ёр кашам!
Шароб хӯрдаам аз дасти ёр то ба саҳар,
Зарурат аст, ки дарди сари хумор кашам.
Г уле чу рӯи ту гар дар чаман падид ояд,
Камина дидаи Саъдиш пеш хор кашам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *